Ин тасмим дар дидори Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи варзиш ва ҷавонони зери назари давлати Тоҷикистон ва Тушиҳиро Оики, сафири фавқулода ва томулихтиёри Ҷопон дар Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Дар ин дидор тарафайн дидгоҳҳои худро дар хусуси баргузории ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистону Ҷопон дар Душанбе ва Токио баён карданд.
Ҳамчунин дар хусуси тавсеаву таҳкими равобити дӯстона байни ҷавонони ду кишвар ва ҳамкориҳои муфиди чандҷониба дар заминаи кор бо ҷавонон ва варзиш табодули назар шуд.
342/